Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе намоишгоҳи байналмиллалӣ оғоз мешавад


Пагоҳ дар Душанбе зери унвони "Tajikistan infrastructure-2009" 4-ӯмин намоишгоҳи байналмиллалӣ гушоиш меёбад. Намоишгоҳ то 29-ӯми октябр дар Кохи Борбад идома меёбад. Дар он 50 ширкат аз 18 кишвар, аз ҷумла ширкатҳо аз Британия, Австрия, Олмон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Фаронса, Туркия ва амсоли он ширкат хоҳанд кард. Ширкаткунандагон дар ин намоишгоҳ имкон хоҳанд дошт, ки дар бораи дастовардҳои ахир дар бахшҳои мухталифи иқтисод табодули таҷруба кунанд ва бо якдигар тамоси мустақим пайдо кунанд. Дастовардҳои илмиву фаннӣ ба намоиш гузошта мешавад. Ин намоишгоҳро ширкати байналмиллалии "iteca Osiyo" ва ҳамкори он I.T.E. Exhibition&Conferences Ltd.-и Британия созмон додаанд.
XS
SM
MD
LG