Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачёв: "Ман бозсозиро бохтам..."


"Интихоботи пур аз тақаллуб"

Михаил Горбачёв, охирин раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши русии Радиои Озодӣ, ҳизби ҳокими “Русияи ягона»-ро танқид кард ва ба тақаллуб дар интихоботи минтақаии моҳи гузашта муттаҳам намуд.

Mikhail Gorbachev On United Russia
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00


Михаил Горбачёв:
«Гуноҳи ноадолатиҳо дар интихоботи минтақаии моҳи гузашта ба дӯши Думаи давлатист. Думаи давлатӣ, ки аз ҷониби ҳизби ҳокими «Русияи ягона» ва тарафдоронаш идора мешавад. Дарки ин масъала хеле муҳим аст. Агар шумо ба ҳодисаҳои чанд соли ахир нигоҳ кунед, мебинед, ки чӣ гуна низоми интихоботӣ бо баҳонаи рушди демократия чандин бор иваз шудаааст, вале дар амал ҳамаи иқдомот рӯи хотири назорати иштироки одамон дар раванд гирифта шудааст. Яъне, ба ибораи дигар, иштирок накардани одамон дар раванд. Мардум имкон надоштанд, ки бигӯянд, бо феҳристи номзадҳои ҳизбҳо розӣ нестанд ва маҷбур буданд, ки дар варақаи раъйдиҳӣ исми ҳамаро хат бизананд ва хоначаи «Бар зидди ҳама»-ро интихоб бикунанд. Ҳизби «Русияи ягона» инро таҳаммул накард ва ин хоначаро аз варақаҳои раъйдиҳӣ бардошт. Чӣ гуна ҳизб аст ин? Дар асл, ин як механизми истифода аз нерӯи маъмурият аст. Ҳамаи раҳбарони вилоятҳову ҷумҳуриҳои федералӣ узви як ҳизбанд, чун ба ҳама мегӯянд, ё бо мо пайванд ё .... Ва ана ҳамин сиёсати «ё бо мо пайванд ё» ...корро то ба ин ҳоли имрӯз расонидааст, ки интихоботро дигар интихобот гуфта наметавон.»

"Дума демократияро буғӣ дорад"

Горбачёв барои он ки ба ҳукумати коммунизм хотима гузошт, берун аз марзҳои Шӯравӣ маъруфияти зиёде дорад, вале дар Ватанаш муддати мадиде аз ҳеҷ муҳаббате бархӯрдор набуд. Ӯ дар сиёсат боқӣ монд ва яке аз асосгузорони ҳизби сотсиал-демократҳо гардид. Аммо вақте дар интихоботи раисҷумҳурии соли 1996 иштирок кард, камтар аз 1 дарсад раъй гирифт.

Аз замони ба қудрат расидани Путин дар соли 2000-ум, Горбачёв яке аз нахустин афроде буд, ки аз пайдоиши падидаҳои нахустини авторитаризм ва худкомагӣ дар Русия, махсусан, аз маҳдудиятҳо дар озодии баён ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ, интиқод мекард.

Gorbachev On Russia's Opposition
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00


Горбачёв: «Мубориза бар зидди бюрократия, сӯиистифода аз мансаб, фасод – ин мушкилотро бидуни демократияи воқеъӣ ҳал карда наметавон. Вале мо демократияро бӯғӣ дорем. Кӣ бӯғӣ дорад? Порлумон!»
Озодӣ: «Зеро аз демократия ҳарос доранд?»
Горбачёв: «Бале, ҳарчанд аз он набояд ҳарос дошт. Бисёриҳо аз раванди сиёсӣ дур меафтанд. Вале охир, нфарони зиёди дигаре ҳастанд, ки метавонанд масъулиятро бар дӯш бигиранд. Онҳое, ки дар сари қудрат ҳастанд, набояд фикр кунанд, ки ҳама корро ҳал кардаанд, ҳама тасмимотро гирифтаанд ва акнун метавонанд ба осонӣ истироҳат бикунанд. Бихӯранду бигарданд. Не, ҳар кор анҷоме дорад.»
Озодӣ: «Фикр мекунед, пешвоёни мухолифе пайдо хоҳанд шуд, ки вазъро дар ҳақиқат иваз карда тавонанд?»
Горбачёв: «Ман фикр мекунам, онҳо аллакай пайдо шудаанд ва шӯҳрат меёбанд. Аммо зимомдорони ҳукумати вақт магар аз онҳо ҳоло метарсанд? Ман ба наздикӣ бо дӯстам Александр Лебедев ва инсонҳои дигаре, ки эҳтиромашон мекунам, эълон кардем, ки як ҳизби нави мустақили демократиро асос хоҳем гузошт.»
Озодӣ: «Ва тақдири ин ибтикоратон чӣ шуд?»
Горбачёв: «Пойдор аст, як идея аст ва ҳанӯз пойдор аст. Фикр мекунам, вақт барои чунин як ҳизб расидааст. Ҳар ҳодисае, ки ахиран ба вуқӯъ пайвастааст, шоҳиди расидани замони чунин як ҳизб аст.»

"Обама ба ҷоиза сазовор аст"

Дар маҷмӯъ, Михаил Горбачёв аз сиёсати берунаи Кремл ҳимоя кард. Аз сиёсати собиқ раҳбари амрикоӣ Ҷорҷ Буш шадидан интиқод намуд ва даъвати Дмитрий Медведев ҷиҳати созишномаи нави амниятӣ дар Аврупоро ҳимоя кард. Дар бораи Барак Обама бошад, раисҷумҳури нави Амрико, назари мусбат дорад.

Gorbachev On The Nobel Peace Prize
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00


Озодӣ: «Ҷаноби Горбачёв, Шумо низ ҷоизадори сулҳи Нобел ҳастед. Дар бораи ба Барак Обама додани ин ҷоиза дар имсол чӣ назар доред?»
Горбачёв: «Ман ин ҷоизаро ғайриинтизор гирифтам ва ӯ низ ин ҷоизаро ғайриинтизор ба даст овард. Ман фикр мекунам, ман ба ин ҷоиза сазовор будам. Вақти зиёде гузашт ва маълум аст, ки ман сазовор будам. Ман шахсан сиёсати худро, масъулияти худро назди кишвари худам, мардуми худам ва ҷаҳон боасос нишон додам. Чаро як нафар натавонад, ки худро таҳсин бигӯяд?
Ҷоизаи Обама... ман тасмими эътои ҷоизаи Нобел ба Обамаро дастгирӣ мекунам. Амрико барои ҷаҳон хеле муҳим аст ва чунин аҳаммияти Амрико барои ҷаҳон барои муддатҳо боқӣ хоҳад монд. Ин маънои онро дорад, ки ҷаҳон бе Амрико барои муддати хеле зиёде ҳеҷ кори муваффақонае карда наметавонад. Ҳеҷ коре, бидуни сиёсати фаъолона ва созандаи Амрико ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ. Ана, чаро мо бояд раҳбари чунин як давлатеро дастгирӣ намоем, ки кишвари худ ва тамоми ҷаҳонро ба пеш мебарад. Ин шоистаи таҳсин аст. Дар корҳои дигар мешавад танқид кард, вале ҷоиза, ҷоиза ба шахси сазовор дода шудааст. Акнун, пас аз ин ҷоиза ӯ масъулияти бештарро ҳис хоҳад кард ва ман ин тасмимро дастгирӣ мекунам.»

"Ман Перестройкаро бохтам..."

Тарафдорони Горбачёв мегӯянд, назари ӯ дар бораи пошхӯрии коммунизм аз он замоне, ки дафтари раёсатҷумҳуриро тарк гуфт, то ба имрӯз дигар нашудааст. Вале бисёриҳо фикр мекунанд, танқиди ӯ аз низоми сиёсии Русия бо тавсифоти ӯ аз Путин ба ҳам таноқуз доранд.

Gorbachev On The Path To Democracy
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:40 0:00


Горбачёв: «Мо дар нимароҳ ба сӯи демократия ҳастем.»
Озодӣ: «Вале ба назар мерасад, мо дар ин роҳ дармондаем.»
Горбачёв: «На, то ба ин ҷо расидан хеле мушкил буд. Медонед, ки танҳо оғоз кардан, қадами нахустинро гузоштан, ҳаракати аввалинро кардан чӣ андоза душвор аст...»
Озодӣ: «Аммо худи Шумо гуфтед, ки акнун мо ба ақиб рафта истодаем.»
Горбачёв: «На, чунин нагуфтаам.»
Озодӣ: «Шумо гуфтед, низоми интихобот кор намекунад, интихобот кор намекунад.»
Горбачёв: «Бале, ва ҳатто пур аз тақаллуб аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки тамоми кишвар ба сӯи ақиб рафта истодааст. Мақомот фикр мекунанд, ки онҳо механизмеро ба кор андохтаанд, ки на камтаъсиртар аз Сталин кардаасташон. Худованд нигаҳ дорад аз рафтан бо роҳи ӯ.»
Озодӣ: «Оё замонате ҳаст, ки мо на бо роҳи ӯ рафта истодаем?»
Горбачёв: «Фикр мекунам, бале, ҳарчанд бо мушкилӣ ба пеш меравем.»
Озодӣ: «Пас, фикр мекунед, коре ки кардед, бозгаштнопазир аст?»
Горбачёв: «Ҳамчун сиёсатмадор ман ҷанги перестройкаро бохтам. Вале сиёсатҳои перестройка, сиёсати беруна, фикрронии нав, бидуни шубҳа ғолиб омаданд. Дар Русия ин мафҳумҳо дигар ба ақиб барнамегарданд.»
XS
SM
MD
LG