Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 27-уми октябр, дар шаҳри Душанбе, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, раҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои хадамотрасон, тарроҳони ботаҷриба ва донишмандони соҳа дар як Форуми машваратӣ ҷамъ меоянд ва мавзӯъи таҳияи Стратегияе барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд.

Як рӯзи баъд, 28-уми октябр, баргузории давраи фанние ҷиҳати омӯзиши роҳҳои мувофиқ кардани усулҳои кор ба тағйирот ва шароити бозор дар назар аст.

Ҳокии ин хабар, Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон аст, ки мегӯяд, ҳар ду чорабинӣ аз ҷониби ин Марказ дар чаҳорчӯби Барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» доир мешавад. Ин тарҳро МБТ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва бо ёрии молии Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод пиёда мекунад. Оқои Камолов ба сомонаи Озодӣ гуфт, ҳадафи умумии тарҳи мазкур дастгирӣ намудани рушди устувор ва гуногунсози (диверсификатсия)-и содироти корхонаҳои Тоҷикистон тавассути боло бурдани рақобатпазирии маҳсулоти саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар кишвар ва беҳтар кардани зерсохтори идораи сифат мебошад.

Ян Сайерс, Мушовири аршади МБТ, бар ин бовар аст, ки «Стратегия дар ҳамоҳанг намудани талошҳо ва таъмини бархӯрди ягона ба вазъи феълӣ нақши калидӣ хоҳад дошт. Шояд МБТ ба таҳияи стратегия барои ин соҳа, дар қиёс бо мутахассисони дигар бархӯрди дигар дошта бошад. Мо мӯътақидем, ки нақшаи стротежӣ бояд ба ҳама дастрас бошад. Аз ин рӯ, аз ҳама афрод ва ниҳодҳое, ки ба соҳаи мазкур рабте доранд, даъват мекунем, то дар ин раванд иштирок бикунанд, мушкилҳоро муайян намоянд ва барои ҳалли он чора биҷӯянд.»

Хонум Рупа Гангулӣ, Мушовири байнулмилалии МБТ дар масоили нассоҷӣ, мутмаин аст, ки «форуми мазкур дар ҳалли масоили зер мусоидат хоҳад кард: а) дарки он ки корхонаҳои тоҷикӣ ба кадом бозорҳо бояд таваҷҷӯҳ бикунанд, б) мушкилот дар истеҳсолро чӣ гуна бояд ҳал кард, в) дар мавзӯъи тарҳ ва иҷрои стротежӣ ва ҳамчунин барномаи ҳамоҳанг кардани фаъолиятҳо ба тавофуқ расидан, г) афродеро, ки ба ин тарҳ, ба рушди соҳа, ба баргузории пажӯҳишҳо рағбат доранд, мушаххас намудан ва ба лоиҳа ҷалб кардан, ғ) ташхиси халои дониш ва таҷриба дар сатҳи маҳаллӣ, ки ба ёрии мутахассисони байнулмилалӣ ниёз дорад.»

Хонум Гангулӣ мегӯяд, интизор меравад, ширкатдорони давраи фаннӣ, ки як рӯзи баъд аз Форум баргузор мешавад, гунаи нави муносибат бо муштариён, таҳияи нақшаи фаъолияти корхонаҳо, роҳҳои вуруд ба бозорҳои нав ва ҳамчунин ба фурӯш баровардани маҳсулоташонро биомӯзанд. Дар оянда, ҳамчунин, баргузории давраҳои дигари омӯзишӣ дар назар аст. Дар он давраҳо масъалаҳои мубрами рушди соҳа, ки дар Стратегия муайян мешаванд, матраҳ хоҳанд гардид.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG