Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Расул Боқиев, паҳлавони машҳури тоҷик, қаҳрамони Русия дар риштаи гуштии дзюдо дар соли 2009 гардид.

Расул Боқиев, ки шаҳрвандии Русияро пазируфт ва дар айни ҳол дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия, ки дар шаҳри Налчики Кабардину Балқар баргузор шуд, дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ кард. Дар ин вазн 48 нафар барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ мубориза бурданд.

Расул Боқиев, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Пекин-2008, бар 5 нафар рақибони худ – Олег Яшин, Владислав Михалин, Артур Хахук, Александр Обоймов ва Улан Гуртуев - дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Константин Заретский, барандаи Суперкубок ё Ҷоми асосии ҷаҳон дар соли 2008 дар Маскав, ғолиб омад. Расул Боқиев барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Русия мушарраф шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Бояд гуфт, ки яке аз рақибони аслии Расул Боқиев паҳлавони доғистонӣ Мансур Исоев, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2009, пас аз бохт ба паҳлавони тоҷик дар марҳилаи интихобии Ҷоми бошгоҳии Аврупо-2009 дар шаҳри Маскав аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Русия даст кашид.

Расул Боқиев ба Радиои Озодӣ гуфт: «Баъди ин пирӯзӣ ман ба ҳайати дастаи мунтахаби дзюдои Русия дохил шудам ва соли оянда дар мусобиқоти мухталифи байнулмилалӣ, инчунин, мусобиқаи қаҳрамонии Аврупо дар шаҳри Венаи Австрия ва дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Токиои Ҷопон ширкат хоҳам кард. Бинбар ин бо роҳбарии устодам Владимир Елчанинов ба мусобиқоти соли оянда ҳамаҷониба омодагӣ мебинам. Ман фарзанди тоҷик ҳастам ва ҳадафи ман боз ҳам баландтар бардоштани обрӯи тоҷикон аст. Вақте ки аз номи Русия баромад мекунам, маро ҳамчун шаҳрванди Русия муаррифӣ мекунанд, вале маро, аслан, ҳамчун фарзанди тоҷик мешиносанд. Ягона мақсади ман ҳамчун варзишгар қаҳрамони ҷаҳон ва баъдан қаҳрамони олимпӣ шудан аст».

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG