Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ҷавонони Тоҷикистон бар Қирғизистон


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозии худ дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Непал бар тими Қирғизистон бо ҳисоби 4: 0 ғалаба кард.

Ин бозии даври аввали гурӯҳи «А» 25-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд. Голҳоро Қурбоналӣ Собиров (дақиқаи 24-ум), Фариз Аскаров (56-ум), Шавкати Ҳотам (63-юм) ва Шодибек Ғаффоров (72-юм) ба самар расонданд.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Салоҳиддин Ғафуров бо чунин ҳайат бозӣ кард: Шероз Абдуллоев, Аҳтам Назаров, Сергей Абрамов, Расул Файзов, Нуриддин Давронов (Ҷамолиддин Зардиев, 75), Фариз Аскаров (Руслан Раҳматов, 63), Саидҷон Саидраҳмонов, Шавкати Ҳотам, Наим Улмасов, Фирдавсӣ Қурбонов (Шодибек Ғаффоров, 25), Қурбоналӣ Собиров.

Дар ду бозии дигари ин гурӯҳ дастаи Урдун бар тими Фаластин бо ҳисоби 3:1 ва мунтахаби Яман бар тими мизбон – Непал - бо ҳисоби 3:0 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб дар гурӯҳи «В» дастаҳои Тоҷикистон ва Яман бо 3-имтиёзӣ пешсафанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷои аввал ва Яман дар ҷои дуввум қарор доранд.

Дар даври дуввум, 27-уми октябр, нахуст дастаҳои Урдун ва Яман, сипас Фаластин ва Тоҷикистон, Непал ва Қирғизистон бозӣ хоҳанд кард.

Сабқати интихобӣ аз 7 гурӯҳ иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ («А» - «G»), инчунин, якдастаӣ аз Ғарбу Шарқ, ки ҷойҳои севумро касб карда, натоиҷи беҳтар ба даст овардаанд, ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Макони баргузории сабқати ниҳоӣ пас аз ҷамъбасти мусобиқаи интихобӣ муайян хоҳад шуд.

Бозиҳои сабқати интихобӣ дар гурӯҳҳои «В» (Баҳрайн, Қатар, Шри-Ланка), Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб), «Е» (Бангладеш, Кореяи Ҷанубӣ, Лаос, Макао, Тайланд ва Вйетнам), «G» (Чин, Кореяи Шимолӣ, Гуам, Малайзия, Мянмар ва Филиппин) 1-уми ноябр, дар гурӯҳи «С» (Афғонистон, Ҳиндустон, Ироқ, Кувайт, Уммон ва Арабистони Саудӣ) 5-уми ноябр, дар гурӯҳи «F» (Австралия, Тайван, Ҳонконг, Индонезия, Ҷопон ва Сингапур) 7-уми ноябр ва дар гурӯҳи «D» (Эрон, Лубнон, Покистон, Туркманистон ва Узбакистон) 8-уми декабр шурӯъ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG