Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамлаҳои интиҳории субҳи якшанбе дар Бағдодро “ваҳшиёна” номида, маҳкум кард.

Обама ин ҳамлаҳоро, ки мунҷар ба ҳалокати дастикам 132 нафар ва маҷрӯҳ шудани беш аз 500 тани дигар шуд, кӯшиши дигаре барои халалдор кардани пешрафт дар Ироқ унвон кард.

Ду инфиҷори сангине, ки субҳи якшанбе, 25-уми октябр, пойтахти Ироқро такон дод, хунинтарин ҳамлаҳо дар он кишвари ҷангзада дар тӯли чанд моҳи ахир арзёбӣ мешавад. Мошини аввали бомбгузоришуда дар назди Вазорати адлия ва мошини дуввум, баъди ҳамагӣ чанд дақиқа дар назди бинои волии Бағдод таркид.

Таркиши дуввум дар ҳоле ба амал омад, ки мақомдорон ва рӯҳониён дар бинои ҳукумати вилоят ба хотири ёдбуди солрӯзи марги рӯҳонии шинохтаи шиа Муҳаммад Содиқ ас-Садр гирдиҳам омада буданд. Саъд Комил, хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ, ки ба хотири пӯшиш додани маъракаи ёдбуд рафта буд, ҳангоми инфиҷор дар дохили бино буд. Ӯ ҳодисаро чунин тасвир мекунад: “Хисорот бениҳоят сангин аст. Мардуми зиёд кушта шуд, биноҳо ва мошинҳо сахт осеб диданд. Бинои волии Бағдод сахт тахриб шуд. Ман дар дохил будам. Сӯхтор ба амал омад ва аз ошёнаҳои боло об мерехт”.

Даҳҳо мошин нобуд гашта, лӯлаҳои обкаш низ тахриб шуда, оби ғализ қад-қади хиёбонҳо саршор буд. Хабарнигори Озодӣ, ки бо ҷароҳат ба бемористон мунтақил шуда буд, мегӯяд, дар дохили бино даҳҳо ҷасадро дидааст: “Мо дар ошиёнаи панҷум, дар маҳалли баргузории маросими ёдбуд будем. Бар асари таркиш боми бино болои мо фурӯ рехт. Аксарияти онҳое, ки дар даромадгоҳ ё дар зинапоя буданд, кушта ё сахт маҷрӯҳ шуданд. Ошёнаҳои болотар камтар осеб диданд.”

Сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Даббоғ гуфтааст, ин ҳамла шояд кӯшишест барои халал расонидан ба баргузории интихоботи парлумонии моҳи январ. Вай афзуд, ин таркишҳо изи дасти ал-Қоида ва ҳампаймононашро дорад.

То айни замон ягон гурӯҳе масъулияти ҳамлаҳоро ба ӯҳда нагирифтааст.

Ду моҳ қабл бар асари инфиҷорҳои сангин алайҳи вазоратҳои молия ва корҳои хориҷии Ироқ қариб 100 нафар кушта шуда буд.
XS
SM
MD
LG