Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 9-уми амалиёти артиши Покистон дар Коктай


Артиши Покистон мегӯяд, дар рӯзи 9-уми амалиёти алайҳи ҷангиёни толиб дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони ҷанубӣ ба пешрафтҳои нав даст ёфтааст. Артиш мегӯяд, нирӯҳояш ду сангари калидӣ миёни шаҳри Коктай ва пойгоҳи калидии ҷангиён дар Сарароғаро ишғол кардааст.
Артиш мегӯяд, боз як сангари муҳимро ҳифз карда, барои як қуллаи стротежӣ 16 соат набард кардааст.
Нирӯҳои Покистон дар бораи тасарруфи худи Коктай –зодгоҳи раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд ва муовини ӯ Қорӣ Ҳусейн рӯзи шанбе хабар доданд.
Артиши Покистон мегӯяд, дар Коктай як тамрингоҳи ҳамлагарони маргталаб амал мекард.
XS
SM
MD
LG