Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи додгоҳи шаҳрванди тоҷик дар Дубай


Додгоҳи Имороти Муттаҳидаи Араб дар Дубай имрӯз муҳокимаи парвандаи ду нафари муттаҳам ба ҳамдастӣ дар қатли фармондеҳи маъруфи чечен Сулим Ямадаевро аз сар хоҳад гирифт. Ямадаев, ки аз мухолифони раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров маҳсуб мешуд, дар натиҷаи як сӯъиқасд дар моҳи март дар Дубай кушта шуд. То ҳол дар иртикоби ин сӯиъқасд ду нафар – шаҳрванди Эрон Маҳдӣ Лорниё, ки саиси Рамазон Қодиров будааст, ва шаҳрванди тоҷики муқими Дубай Мақсудҷон Исматов боздошт шудаанд, ки имрӯз дигарбора ба додгоҳ эҳзор хоҳанд шуд. Пулиси Дубай дар ин ҷиноят 4 тани дигар, бо шумули вакили парлумони Русия Адам Делимхоновро низ айбдор мекунад, вале онҳо тавонистаанд ба Русия фирор кунанд.
Сулим Ямадаев ба мисли Рамазон Қодиров аз он фармондеҳони ҷудоиталабони чечен аст, ки дар ҷанги дуввум тағйири сангар карда, ба тарафи Русия гузаштанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG