Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди нозирони байналмилалӣ аз корхонаи Қум


Як ҳайъати нозирони Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ рӯзи якшанбе барои нахустин бор аз корхонаи тоза ба рӯи нозирон бозшудаи ғанисозии ураниум дар наздикии шаҳри Қуми Эрон боздид кард. Хабаргузории нимарасмии Меҳр гуфт, интизор меравад, ки нозирон бори дигар аз ин таъсисот дидан кунанд. Корхонаи ғанисозии ураниум дар кӯҳистоне дар наздикии шаҳри муқаддаси Қум, дар ҷануби Теҳрон сохта шудааст. Вуҷуди чунин корхонаро танҳо моҳи гузашта эълом карданд ва ин хабар нигарониҳои қудратҳои ғарбиро бештар кард, ки ба бовари онон, Теҳрон ба таври махфӣ талош дорад бомби ҳастаӣ бисозад. Эрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG