Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз додгоҳи Караҷич аз сар гирифта хоҳад шуд


Қарор аст, додгоҳи СММ дар Ҳейги Ҳолланд имрӯз мурофиаи раҳбари сербҳои Буснӣ Радован Караҷичро аз сар бигирад. Караҷич ба 11 навъ ҷиноёти ҷанг, аз ҷумла ба даст доштан дар наслкушӣ дар Сребренитса муттаҳам мешавад.
Аммо ӯ гуфтааст, ки барои омода шудан фурсати кофӣ надошт ва аз ин рӯ дар ифтитоҳи мурофиа ширкат намекунад. Аммо додситони кулл Серж Брамметс ин иддаои Караҷичро радд кард ва гуфт, ҷониби айбдоркунанда ба мурофиа омода аст.
Сухангӯи додгоҳи Ҳейг гуфт, мурофиа тибқи нақша рӯзи душанбе шурӯъ хоҳад шуд.
Радован Караҷич баъд аз 13 соли дар ҳоли фирор ба сар бурданаш соли гузашта дар Белград боздошт шуд.
XS
SM
MD
LG