Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Карзай ва Абдуллоҳ ҳар навъ муомиларо радд карданд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ва рақибаш дар даври дуввуми интихобот – вазири пешини умури хориҷӣ Абдуллоҳи Абдуллоҳ дар пешорӯи раъйгирии рӯзи 7 ноябр ҳар навъ имкони муомила ба манзури тақсими қудратро радд мекунанд. Карзай чунин имконро дар мусоҳиба бо телевизиони CNN ва доктор Абдуллоҳ дар изҳороти ҳамсон тавассути шабакаи дигари амрикоӣ - "Fox News" радд карданд.
Бархе мақомоти маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Барак Обама мегуфтанд, ки Амрико метавонист ба хотири ҷилавгирӣ аз боз як раъйгирии харобиовар чунин муомиларо дар сурати ризоияти Карзай ва Абдуллоҳ бипазирад.
XS
SM
MD
LG