Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи амалиёти нирӯҳои Покистон алайҳи ҷангиён


Нирӯҳои Покистон амалиёти густурда алайҳи ҷангиёни толибро дар манотиқи бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони ҷанубӣ идома медиҳанд. Низомиён мегӯянд, дар пайи ишғоли шаҳри Коктай, ки пойгоҳи раҳбари Таҳрики Толибони Покистон Ҳакимуллоҳ Маҳсуд маҳсуб мешавад, таҳти ҳимояти нирӯҳои ҳавоӣ боз ҳам пештар рафтаанд. Амалиёти ахир алайҳи пойгоҳҳои ҷангиён дар рустоҳои Сом, Бадр ва Лаза роҳандозӣ шуда буд. Покистон амалиёти густурда дар минтақаи нимамухтори Вазиристони ҷанубӣ рӯзи 17 октябр оғоз кард ва низомиён мегӯянд, то кунун дар ҷараёни даргириҳо беш аз 160 ҷангӣ ва даҳҳо сарбози давлат кушта шудаанд. Аммо таъйиди ин арқом аз ҷониби манобеъи мустақил ғайримумкин аст.
XS
SM
MD
LG