Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғарб ҳамлаҳои хунини Бағдодро маҳкум мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама бомбгузориҳои интиҳории Бағдодро “ҳамлаҳои ваҳшиёна алайҳи мардуми Ироқ” номид ва гуфт, ҳадафи ин ҳамлаҳо халал овардан ба пешрафти Ироқ буд.
Кохи Сафед мегӯяд, Обама ба сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ ва раиси он ҷумҳурӣ Ҷалоли Талабонӣ дар тамос шуда, гуфтааст, Амрико дар чунин рӯз ҳамроҳи ироқиҳост.
Вазири умури хориҷии Бритониё Девид Милибанд ҳамлаҳои хунини Бағдодро ҳушдори мудҳише аз чолишҳое номид, ки аз ифротгароӣ бармеоянд. Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс фог Расмуссен низ ҳамлаҳои субҳи якшанбе дар пойтахти Ироқро “сазовори маҳкумият” номидааст.
XS
SM
MD
LG