Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори қурбониён дар Бағдод ба 132 расид


Рӯзи якшанбе ду таркиши сангин дар маркази Бағдод дастикам 132 нафарро кушта ва беш аз 500 тани дигарро захмӣ ба ҷо гузошт. Таркиши аввал ба сохтмони вазорати адлияи Ироқ ва инфиҷори дуввум баъди ҳамагӣ чанд дақиқа ба қароргоҳи волии Бағдод асобат кард. Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ аз маҳалли ҳамлаҳо дидан кард. Мақомот роҳҳои ба сӯи ин ду минтақаро, ки пур аз пораҳои аҷсоди кушташудагон буд, масдуд кардаанд. Масъулияти бомбгузориҳои маргталабонаи Бағдодро то ҳол касе бар ӯҳда нагирифтааст, вале бархе мақомот ба эҳтимоли дар ин ҳамалот даст доштани Ал-Қоида ваё ҳизби манъшудаи Баъс ишора мекунанд.
XS
SM
MD
LG