Пайвандҳои дастрасӣ

Баёниҳояи шабеҳи Карзай ва Абдулло


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон ва рақиби ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳаргуна созиши тақсими қудрат пеш аз даври дуввуми интихобот дар рӯзи 7 ноябрро рад карданд. Ҳомиди Карзай зимни сӯҳбат бо телевизиони Си Эн Эн дар ин бора сухан гуфт ва Абдулло Абдулло – дар телевизиони Фокс Нюси Амрико. Баъзе аз мақомоти ҳукумати Барак Обама гуфтаанд, ба хотири парҳез аз интихоботи дигари ҷанҷолбарангез, мойиланд ки Карзай бо Абдулло Абдулло - вазири собиқи умури хориҷа қудратро бо ҳам тақсим кунанд. Сешанбеи гузашта, баъди он ки Кумиссиёни интихоботии тобеъи Созмони Милал дар Афғонистон орои зиёди Ҳомиди Карзайро бинобар таққалубкорӣ дар интихобот беэътибор донист ва ризоият дод, то дар даври дуввуми интихобот ширкат варзад.
XS
SM
MD
LG