Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди бозрасон аз корхонаи атомии Эрон


Гурӯҳи бозрасони Созмони Милали Муттаҳид имрӯз аз корхонаи дуввуми ғанисозии ураниуми Эрон боздид карда ва фардо таҳқиқи онро идома хоҳад дод. Хабаргузории “Меҳр”-и Эрон мегӯяд, гурӯҳи чаҳорнафарӣ аз Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ имрӯз нахустин бор аз таъсисоти нави атомие дидан карданд, ки дар дохили кӯҳе дар наздикии шаҳри Қум бунёд шудааст. Ошкор шудани мавҷудияти коргоҳи нави ғанисозии ураниум дар Эрон дар моҳи гузашта, нигарониҳои қудратҳои ғарбиро амиқтар кард, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, бомби атомӣ бисозад. Эрон ин иддаъоро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG