Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 100 нафар дар таркишҳои Бағдод


Бар асари ду таркиши қавӣ, ки имрӯз маркази шаҳри Бағдодро такон дод, дасти кам 100 нафар кушта шуданд. Инфиҷори як мошини бомбгузоришуда ба бинои вазорати адлияи Ироқ осеби зиёд расонида ва таркиши мошини дигар сабаби сӯхтори азим дар қароргоҳи ҳукумати маҳаллӣ шудааст. Бар асари бомбгузориҳо, садҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Ироқ Саъад Комил дар ин бора мегӯяд: "Садамаи зиёде ба инҷо ворид шудааст. Одамон ҳалок шуданд, биноҳову мошинҳо осеб дид. Қароргоҳи ҳукуматии Бағдод садамаи зиёде хӯрдааст. Пеши бино комилан рехтааст, ман дар дохили он будам. Сӯхтор ба амал омад ва об ҳам ҷорӣ шуд." То кунун касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар ӯҳда нагирифтааст, вале ба гуфтаи хабаргузориҳо, инфиҷорҳо мисли кори Ал-Қоида ва ҳизби мамнӯъи Баъс аст. Мақомоти тамоми роҳҳои атрофи маҳалли ҳодисаро бастаанд, ки аз ҷасадҳои сӯхта пур будааст. Нурӣ Ал-Моликӣ нахуствазири Ироқ аз маҳалли ин ҳодиса дидан кардааст.
XS
SM
MD
LG