Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чор голи дастаи Тоҷикистон бар дарвозаи Қирғизистон дар бозии нахустин дар сабқати ҷавонони 19-солаи Осиё ба кишвари мо пирӯзӣ овард.

Ин бозӣ ба сабқати навбатии ҷавонони Осиё-2010 ифтитоҳ бахшид.

Нахустин голи дастаи Тоҷикистонро дар дақиқаи 24-ум Қурбоналӣ Собиров ва се голи дигарро Фариз Аскаров (дақиқаи 56), Шавкат Ҳотам (дақиқаи 63) ва Шодибек Ғаффоров (дақиқаи 71) ба самар расонданд. Ҳамин тавр бозигари ҷавони «Истиқлол» шумори голҳои сабқати ҷавононаи Осиё-2010-ро оғоз бахшид.

Қисми аввал бо ҳамин ҳисоби як бар сифр ба анҷом расид. Дар қисми дуввум дастаи Тоҷикистон боз се голи дигарро вориди дарвозаи рақибон кард.

Пас аз бозии футболбозони ҷавони Тоҷикистону Қирғизистон ба майдон рақибони дигари гурӯҳ омаданд. Урдун бар Фаластин бо ҳисоби се бар як ва Яман бар Непал - се бар сифр ғолиб омаданд.

Ҳамин гуна, Тоҷикистон боз аз аввал дар садри ҷадвал аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG