Пайвандҳои дастрасӣ

Ду таркиши маргбор имрӯз маркази шаҳри Бағдодро такон дод ва бар асоси гузоришҳо, беш аз 100 нафар кушта бар ҷой гузошт.

Инфиҷори як мошини бомбгузоришуда ба бинои вазорати адлияи Ироқ осеби зиёд расонида ва таркиши мошини дигар сабаби сӯхтори азим дар қароргоҳи ҳукумати маҳаллӣ шудааст.

Бар асари бомбгузориҳо, ки то кунун касе масъулияташро бар ӯҳда нагирифтааст, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти ироқӣ роҳҳои атрофи маҳалли таркишро бастаанд, ки пур аз ҷасадҳои сӯхта будааст.

Бар асари бомбгузорӣ ҳамчунин даҳҳо мошин ва лӯлаҳои обгузар ҳам хароб шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG