Пайвандҳои дастрасӣ

Ду таркиши маргбор Бағдодро такон дод


Ду таркиши қавӣ имрӯз маркази шаҳри Бағдодро такон дод ва бар асоси гузоришҳо, дасти кам 25 нафар кушта бар ҷой гузошт. Инфиҷори як мошини бомбгузоришуда ба бинои вазорати адлияи Ироқ осеби зиёд расонида ва таркиши мошини дигар сабаби сӯхтори азим дар қароргоҳи ҳукумати маҳаллӣ шудааст. Бар асари бомбгузориҳо, ки то кунун касе масъулияташро бар ӯҳда нагирифтааст, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG