Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи таҳқиқи марги ғайринизомиёни афғон


Нерӯҳои байналмилалӣ ба раҳбарии НАТО дар Афғонистон ба таҳқиқи қазияи ҳалокати чаҳор ғайринизомии афғон дар шаҳри Қандаҳор пардохтаанд, ки аз тири сарбозони хориҷӣ ҷон додаанд. Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон гуфтанд, рӯзи шанбе сарбозони ин нерӯҳо ба самти як мошини ронандаи маҳаллӣ тир андохтанд, ки бо нодида гирифтани ҳушдор ба онҳо наздик шудааст. Ба гуфтаи мақомоти расмии Афғонистон, дар миёни қурбониёни ин ҳодиса ду зан ва як кӯдак будааст ва се ғайринизомии дигар ҳам дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG