Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саъйи Ироқ барои рафъи ихтилофоти назар


Раҳбарони сиёсии Ироқ имрӯз ба хотири рафъи ихтилофоти назар бар сари қонуни нави интихобот гуфтӯгу мекунанд, ки хатари ба таъхир андохтани интихоботи умумии умумии моҳи январро ба миён овардааст. Нишасти Шӯрои Сиёсии Амнияти Миллии Ироқ, ки сиёсатмадорони баландпояи аҳзобу ҷиноҳҳои сиёсиву мазҳабии Ироқ баъди он даъват шуд, ки порлумони Ироқ ҳафтае пеш натавонист, қонуни нав барои баргузории интихобот дар рӯзи 16 январро қабул кунад. Ихтилофи назар ба сари бандҳои қонун дар мавриди нашри пурраи номи тамоми номзадони аҳзоб, тақсими фоидаи даромад аз шаҳри нафтхези Киркук ва тақсими қудрат миёни арабҳову курдҳо вуҷуд дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор додааст, идомаи ихтилофоти назар ва таъхир дар баргузории интихобот, ба барномаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ таъсир хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG