Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи номзади дуввуми интихоботи Укроин


Юлия Тимошенко – нахуствазири Укроин, расман аз пешбарии номзадиаш ба мақоми раиси ҷумҳур эълом кард ва ваъда дод, ки ба фасодкорӣ дар кишвар хотима бахшида ва бо Русия ҳамкории баробар ва самимӣ ба роҳ мемонад. Юлия Тимошенко ҳамроҳ бо Виктор Янукович – нахуствазири собиқи Укроин аз пешсафони интихоботи раёсати ҷумҳурии 17 янвапри соли оянда медонанд. Ҳизби Юлия Тимошенко номзадии ӯро ҳузури ҳазорон нафар аз тарафдоронаш дар як майдони марказии шаҳри Киев пешбарӣ кард. Рақиби ӯ Виктор Янукович аз пешбарии номзадиаш рӯзи ҷумъа эълом дода гуфт, ҳамкории зичи пешинаро бо Русия барқарор намуда ва муносибот бо Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG