Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди Толибон ба раъйдиҳандагони афғон


Толибон таҳдид кардаанд, ки бо ҳамлаҳои тоза даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистонро баҳам мезананд. Ин гурӯҳи ифротӣ бо нашри баёнияе аз афғонҳо даъват кардааст, дар интихоботи 7 ноябр ширкат накунанд ва гуфтааст, ки тарҳи ин интихоботро Амрико кашидааст. Ин таҳдид дар рӯзи оғози муборизоти интихоботӣ дар даври дуввум оғоз шуд. Пас аз ҷанҷоли таққалубкориҳо дар мавриди интихоботи рӯзи 20- уми август ва беэътибор донистани орои зиёде аз Ҳомиди Карзай аз тарафи Кумиссиёни интихоботии тобеъи Созмони Милал, қарор шуд, то даври дуввуми интихобот рӯзи 7 ноябр баргузор шавад. Дар ин рӯз Ҳомиди Карзай бо Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон рақобат хоҳад кард. Ричард Ҳолбрук - фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистону Покистон гуфтааст, нишонаҳое барои умедворӣ вуҷуд дорад, ки дар ин даври интихобот мисли даври аввал тақаллуби густурда сурат нахоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG