Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи нави мушакӣ ба паноҳгоҳи Толибон


Бар асари як ҳамлаи мушаки як ҳавопаймои бидуни сарнишин, ки зоҳиран амрикоӣ будааст, дар як маҳалли марзии Покистон 14 нафар кушта ва чандин тани дигар маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти покистонӣ навиштаанд, ки ҳавопаймо ба паноҳгоҳи Мавлавӣ Фақир Муҳаммад, як фармондеҳи олирутбаи Толибон дар минтақаи Думодулло, дар ноҳияи қабиланишини Баҷоур мушак андохтааст. Би Би Си мегӯяд, Фақир Муҳаммад чанд дақиқа пештар аз партоби мушак, ин маҳалро тарк кардааст. Ноҳияи Баҷоурро паноҳгоҳи ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-Қоъида медонанд, ки онҳо бо истифода аз ин минтақа дар хоки Афғонистон ҳамлаҳо анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG