Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати эътилофии Олмон ташкил шуд


Ангела Меркел – садри аъзами Олмон, гуфт, ҳукумати нави эътилофиаш дар пайи он хоҳад шуд, то Амрико мушакҳои ҳастаиашро аз ин кишвар хориҷ кунад. Аммо гуфт, ӯ ҳукумати эътилофии Олмон ин корро танҳо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳо бо НАТО, Паймони Низомии Атлантикаи Шимолӣ хоҳад кард. Хонум Меркел, ки рӯзи шанбе дар шаҳри Берлин сухан мегуфт, афзуд, ҳукумати нави эътилофӣ қасд дорад, то молиёти мардуми Олмонро 36 миллиард доллар камтар кунад. Ангела Меркел имрӯз ҳукумати эътилофиашро муаррифӣ кард, ки аз Ҳизби Демократҳои Масеҳӣ, Иттиҳодияи Сотсиалистони Масеҳӣ ва Ҳизби Демократии Олмон таркиб ёфтааст.
XS
SM
MD
LG