Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ба эътиқоди вай, нигарониҳои кишварҳои Аврупои Шарқиро фурӯ нишондааст, ки метарсиданд, баҳои саъйи Амрико барои беҳбуди равобиташ бо Русияро кишварҳои Аврупои Шарқӣ хоҳанд пардохт.

Ҷо Байден дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, зимни сафараш ба минтақа, кишварҳои Аврупои Шарқӣ итминон ҳосил кардаанд, ки аз талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои беҳбуди равобит бо Русия ҳеҷ чизеро аз даст нахоҳанд дод. Ҷо Байден дар ин мусоҳиба доир ба масоили васеъи ҷаҳонӣ сӯҳбат кард, ва аз ҷумла дар робита ба Афғонистону Эрон.

Афғонистон

Муовини раисҷумҳури Амрико, зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ, гузоришҳои матбуотиро “нодуруст” хонд, ки мегӯянд, Ричард Ҳолбрук, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистонро ҳоло дар Кобул чандон хуш надоранд. Бино ба ин гузоришҳо, Ричард Ҳолбрук бо Ҳомид Карзай муносиботи сарде доштааст. Ҷо Байден дар гуфтугӯ аз Ҳомид Карзай ситоиш кард, ки барои ширкат дар даври дуввуми интихобот ризоият дод. Вай рӯзи 7 ноябр бо Абдулло Абдулло, вазири собиқи корҳои хориҷӣ, рақобат хоҳад кард.

Ҷо Байден гуфт: «Вай (Ҳомид Карзай) бояд эътимоди мардуми Афғонистонро ба даст оварад, на эътимоди моро. Муҳим, эътимоди мардуми Афғонистон аст ва ба андешаи ман, вай бо ризоияташ барои ширкат дар даври дуввум, ба он ҷараён оғоз гузошт. Ба ибораи дигар, ва ба қавли худи Ҳомид Карзай, ширкат дар даври дуввум мувофиқ ба Қонуни Асосии Афғонистон аст ва ӯ омодаи анҷоми он кор мебошад. Ин кор ба хотири мардуми Афғонистон аст, на ба хотири мо.»

Покистон

Ҷо Байден дар мавриди сарнавишти ҳамсояи Афғонистон, Покистони ноором гуфт, дар муборизаи ин кишвар алайҳи Толибон ва ал-Қоида шоҳири пешрафт шудааст, бо вуҷуди он ки дар пасманзари амалиёти азими артиш ба зидди тундравон, дар соли равон ноамнӣ дар Покистон бештар шудааст. Ҷо Байден ба Радиои Озодӣ гуфт, воқеъият ин аст, ки амалиёти низомӣ посухи мустақим ба таҳдиди воқеъӣ ва возеҳе мебошад, ки дар Покистон мебинанд. Муовини раисҷумҳури Амрико гуфт, “Артиши Покистон ба таври муносиб иқдом мекунад ва ба як мушкили сахте рӯ ба рӯ шудааст.”

Ҷо Байден дар идома гуфт, Амрико бо вуҷуди идомаи кӯмак дар амри мубориза бо ифротгароӣ дар Покистон, ҳеҷ қасди фиристодани нерӯ ба ин кишварро надорад. Вай иброз дошт: «Мо омодаи ироаи ҳар гуна кӯмаки дилхоҳ ба Покистон ҳастем, аммо на дар заминаи ирсоли нерӯҳои Амрико, балки дар заминаи тақвияти тавоноии Покистон барои бархӯрд бо он мушкил.”

Эрон

Ҷо Байден, муовини раисҷумҳури Амрико, дар посух ба суолҳои Радиои Озодӣ дар мавриди Эрон гуфт, ҳангоми музокирот дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар, “Амрико ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ гоҳ,” нигарониҳо дар мавриди демократия ва риояти ҳуқуқи инсон дар Эрон нодида нагирифтааст ва нахоҳад гирифт.

Ӯ гуфт: «Мо мӯътақидем, ки тӯдаи мардуми Эрон рафтори дӯстонае нисбат ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доранд, на душманона. Ин мардум ҳоло дар даврони душвори тасмимгирӣ дар мавриди рӯйкард ба ҳукумати худашон ҳастанд. Аммо ба суди ҷаҳон, ба суди мардуми Эрон, ба суди мардуми Аврупо ва ҷаҳон аст, ки Эрон силоҳи атомӣ тавлид накунад.»

Ҷо Байден дар мавриди эҳтимолияти дастёбии Эрон ба бомби атомӣ гуфт, ба ҳайси сенатори пешин ва ноиби раисҷумҳури Амрико мӯътақид аст, ки бояд барои роҳ надодан ба густариши силоҳҳои атомӣ талош кард. Ҷо Байден афзуд, омили суботдиҳанда дар Ховари Миёна ҷилавгирӣ аз эҷоди қудратҳои ҳастаӣ дар он минтақа аст, чаро ки пас аз як Эрони ҳастаӣ, Арабистони Саудӣ, Туркия, Миср ва дигарон ҳам дар ин масир қарор хоҳанд гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG