Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷавонон дар пешорӯи интихоботи парлумонӣ


Мушоҳидаҳо ҳокист, ки дар арафаи интихоботи парлумонии кишвар таваҷҷӯҳ ва диққати ҷавонони кишвар ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар шудааст. Махсусан ҷавононе, ки дар сафҳои аҳзоби сиёсии кишваранд, талош доранд, то ҳузури худро дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ тақвият диҳанд. Ин ҷавонон мехоҳанд, ба унвони намояндаи созмонҳои худ дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳузур пайдо кунанд. Ва бар ин бовару умеданд, ки интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар Тоҷикистон ба фарқ аз интихоботи солҳои қаблӣ шаффофтар ва одилонатар ҷараён хоҳад гирифт.

Аюбҷон Эгамов, раиси бахши суғдии созмони ҷавонони ҲСДТ, мегӯяд, дар бахши ҷавонони ин ҳизб афроди донишманд ва боғайрат зиёданд, ки мехоҳанд дар ин ва ё он зинаҳои мақомоти намояндагии ҳокимият фаъолият кунанд. Оқои Эгамов меафзояд, ба ин манзур, як барномаи хуберо ҳам барои шомил кардани ин ҷавонон ба маҷлис рӯи даст гирифтаанд ва дар ин замина ҳуҷҷатҳо ҳам омода шудааст

Мирзоолим Ҳамдамов, масъули бахши ҷавонон ва варзиши ҲНИТ дар вилояти Суғд, мегӯяд, бештари ҷавонони узви ин ҳизб афроди закиву донишманд ва дорои ақида ва иродаи устуворанд ва талош доранд, то дар ҳавзаҳои маҳаллӣ ва маҷлиси намоягон номзадиашонро боз монанд.

Атамҷон Мирсаидов, роҳбари дастгоҳи ҲХДТ дар вилояти Суғд, бо тавсифи ҷавонони узви ин ҳизб мегӯяд, он ҷавононе, ки мехоҳанд дар пайроҳаи сиёсат гом бардоранд, аз ҳоло ба интихобот омодагӣ мегиранд. Ва раҳбарияти ҳизб низ ин навбат мехоҳад аз шумори ҷавонон номзадҳаи интихоботии худро бештар кунад.

Ҷавонон интизор доранд, ки интихоботи навбатӣ бидуни тақаллубу сохтакориҳо доир шуда, нафароне вориди парлумон мешаванд, ки умдатан барои ҳалли масоил ва мушкили ҷавонон дар кишвар машғул мешаванд.

Коршиносон низ ба як андоза афзоиши таваҷҷӯҳи ҷавонон ба интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ таъкид мекунанд. Мирзоолими Мирзораҳим, коршиноси масоли сиёсӣ, мегӯяд, вазъияти имрӯзаи ҷомеа барои воридшавии ҷавонон ба маҷлисҳо мувофиқ аст ва дар ин роҳ ҳеҷ монеа вуҷуд надорад. Зеро ҷавонони имрӯза нисбатан бебоктаранд ва ҷасурона мавзӯъҳои доғи рӯзро матраҳ мекунанд.
XS
SM
MD
LG