Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии амнияти минтақа дар Душанбе


Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи тамъини амният дар Осиёи Марказӣ ба зудӣ дар ҳамоиши байналмилалие дар шаҳри Душанбе баррасӣ хоҳад шуд. Ҳамоиши мазкур “Мушорикати Олмон ва Осиёи Марказӣ дар амри таъмини амнияти минтақа” унвон дошта ва бо мусоидати ҳукумати Олмон баргузор мешавад. Мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткории созмонёфта ва ҳамкориҳо дар ин замина аз мавзӯъҳои аслии баҳс дар ин конфронс хоҳад буд. Ба ин конфронс, вазирони умури дохила ва амният ва раҳбарони ниҳодҳои муборизакунанда бо қочоқи маводи мухаддири Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон даъват шудаанд. Конфронси дурӯза 2 нобяр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG