Пайвандҳои дастрасӣ

Ишғоли зодгоҳи фармондеҳи Толибон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, артиши Покистон, бо тақвияти амалиёти васеъмиқёс ба зидди ҷангҷӯёни Толиб дар Вазиристони Ҷанубӣ зодгоҳи Ҳакимуллоҳ Маҳсуд – фармондеҳи Толибонро ишғол кардаанд. Ба гуфтаи Озар Аббос – сухангӯи артиши Покистон, нерӯҳои амниятӣ се рӯз баъд аз бомборони мавзеъҳои Толибон дар шаҳри аз назари стротежӣ муҳими Куткаӣ онро шаби шанбе ба таҳти контрол даровардаанд. Вай мегӯяд: " Ин ҷой, як истеҳкоми терористон буд ва аксари хонаҳоро ба сангарҳои қавӣ табдил дода буданд. Дар ин шаҳр ҳамчунин тамрингоҳи Қорӣ Ҳуссайн, аз муррабиёни бомбгузорони маргталаб ҷойгир буд. Маъмурони амниятӣ ҳоло дар ҷараёни поккории минтақа, аз маводи мунфаҷира ва минаҳо ҳастанд. "

Амалиёт ба зидди Толибон дар Вазиристони Ҷанубӣ ҳафтаи дуввум аст, ки идома дорад ва 30 ҳазор аз сарбозони артиш ба зидди бештар аз 10 ҳазор ҷангҷӯёни Толиб меҷанганд. Пеш аз ин амалиёт, ҷангҷӯёни Толиб дар силсилаи ҳамлаҳо дар Покистон бештар аз 170 нафарро куштанд.

XS
SM
MD
LG