Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва раиси Ҳизби ҳокими Тоҷикистон, дигарбора ваъда додааст, ки кӯшиш хоҳад кард, то интихоботи порлумонии соли оянда шаффофу одилона ва демократӣ баргузор шавад.

Давлаталӣ Давлатов, муовини аввали раиси ҲХДТ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфтааст, ки намегузорад, то мақоми ҳукуматӣ ба ҷараёни интихобот дахолат кунанд. Ин ваъдаҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ҳизб, ки рӯзи 24-уми октябр дар Душанбе баргузор шуд, садо додаанд. Давлаталӣ Давлатов, муовини аввали раиси ҲХДТ, ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи меҳварии ҷаласа омодагии ҳизби мазкур ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ будааст, ки қарор аст, моҳи феврали соли оянда баргузор шавад. Ба гуфтаи оқои Давлатов, Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз ҳизбу ҳаракатҳои Тоҷикистон ва мардуми кишвар хостааст, то барои дар фазои озоду шаффоф баргузор шудани интихоботи оянда ҷидду ҷаҳд кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ин ҷаласа таъкид кардааст, ки талош меварзад, то ба ниҳоди олии қонунгузори Тоҷикистон ба гуфтаи вай “фарзандони сазовору содиқи ватан шомил шаванд”.

То кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои гузаштаи Тоҷикистонро, нозирони хориҷӣ, интихоботи шаффофу одилона ва демократӣ нахондаанд. Аз ҷумла, нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҳам, ки ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон борҳо хостааст, то бар асоси тааҳҳудоти худ интихоботи мунсифонаву шаффоф ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор кунад. Чанде пештар, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ҳам аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то барои тазмини як интихоботи шаффофу одилона бо САҲА аз наздик ҳамкорӣ кунад.

Агарчӣ аҳзоби Тоҷикистон аз ваъдаҳои батакрори раисҷумҳур дар мавриди баргузории интихоботи демократӣ истиқбол мекунанд, аммо чандон хушбин нестанд, ки моҳи феврали соли 2010 шоҳиди чунин интихоботе хоҳанд шуд. Аз ҷумла, Ҳикматулло Сайфуллозода намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, бояд интизор буд ва дид, ки воқеан ҳам масъулин ин амри раисҷумҳур ва раиси ҳизби ҳокимро иҷро мекунанд ё не.

Ба гуфтаи коршиносон, бо назардошти таъкидҳои батакрори раисҷумҳур ва раиси ҲХДТ рӯи масъалаи як интихоботи демократӣ, метавон гуфт, ки ин як навъ эътирофи ғайридемократӣ будани интихоботҳои гузашта аст. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари сиёсӣ, мегӯяд, ҳоло Эмомалӣ Раҳмон ба хубӣ дарк мекунад, ки интихоботи ғайридемократӣ ва ғайримунсифона метавонад обруи ӯву давлати Тоҷикистонро дар миқёси байналмилал поин барад.

Таъкиди раисҷумҳур ба шаффоф баргузор шудани интихобот дар ҳолест, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, қонуни интихобот ҳанӯз ҳам номукаммал аст ва намегузорад, то афроди шоиста барои ширкат дар он сабти ном шаванд. Дар порлумони Тоҷикистон, ки 60 курсӣ дорад, аксарияти курсиҳоро ҳизби ҳоким дар даст дорад. Теъдоди бисёр ками курсиҳоро коммунистҳои тоҷик соҳиб шудаанд ва танҳо ду курсӣ дар дасти ҲНИТ аст.

ҲХДТ, ки барои ширкат дар интихобот дасту остин барзадааст, эълом дод, ки анҷумани пешазинтихоботиашро 26-уми декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG