Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути мудавоми бонкҳои Амрико


Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико теъдоди банкҳои варшикаста дар соли равон аз 100 адад ҳам гузашт. Нозирони молии Амрико рӯзи ҷумъа эълом карданд, ки ҳашт муассисаи молии дигар дар аёлати Флорида, Ҷорҷиа, Висконсин, Миннесота ва Иллинойис, дигар қодир ба идомаи фаъолият нестанд. Аз соли 1992 то кунун Амрико шоҳиди шикасти ин теъдод муассисаҳои молии кишвар нашуда буд. Дар он сол бар асари бӯҳрони бонкҳои амонатгузорӣ ва тиҷоратии Амрико 120 муассисаи молӣ варшикаста шуданд. Ба гуфтаи иқтисодонҳои Иёлоти Муттаҳида, зоҳиран моҳҳову солҳои оянда, бонкҳои зиёди дигаре дар Амрико варшикаста хоҳанд шуд, зеро аз рукуди иқтисодӣ, нотавонӣ дар бозгардонидани қарзҳо, бекории зиёд ва коҳиши талабот дар бозор эмин намемонанд.
XS
SM
MD
LG