Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон мунтазири бозрасони атомии СММ


Бозрасони Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи шанбе вориди Эрон мешаванд, то корхонаи дуввуми ғанисозии ураниуми ин кишвар воқеъ дар наздикии шаҳри Қумро таҳқиқ намоянд. Хабаргузории расмии “ИРНА”-и Эрон мегӯяд, ки бозрасони Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ, “ду ё се рӯз” дар Эрон хоҳанд монд. Ошкор шудани мавҷудияти коргоҳи нави ғанисозии ураниум дар моҳи гузашта, нигарониҳои қудратҳои ғарбиро амиқтар кард, ки мегӯянд, Эрон қасд дорад, бомби атомӣ бисозад. Эрон ин иддаъоро рад мекунад. Пештар аз ин Эрон гуфт, ба пешниҳоди нав доир ба коркарди ураниуми ғанисозишудааш дар хориҷ ҳафтаи оянда, посух хоҳад дод, агарчӣ мӯҳлати ин посух рӯзи ҷумъаи гузашта буд. Бар асоси ин пешниҳод, урани ғанисозишудаи ғализии ками Эронро дар Русия ғализтар карда ва сипас барои истифода дар реакторҳои Эрон ба ин кишвар бармегардонанд.
XS
SM
MD
LG