Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳди Раҳмон дар мавриди интихобот


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дигарбора аҳд додааст, ки ба ҳайси раиси ҷумҳур талош хоҳад кард, то интихоботи порлумонии қарибулвуқӯъи кишвар шаффофу одилона баргузор шавад. Хабаргузории расмии “Ховар” мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон сухан гуфтааст. Ин хабаргузорӣ аз навиштааст, Эмомалӣ Раҳмон “таъкид кард, ки баҳри дар сатҳи баланду шаффоф ва озоду демократӣ ҷараён гирифтани интихобот талош меварзад.” Интихоботи порлумонии Тоҷикистон моҳи феврали соли оянда баргузор мешавад. Дар ҷаласаи кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, омодагии ҳизб ба интихобот баррасӣ шуда ва қарор кардаанд, то анҷумани пешазинтихоботии он 26 декабри соли равон баргузор шавад. Ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ шаффофу одилона баргузор нашудааст.
XS
SM
MD
LG