Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози корзори интихоботӣ дар Афғонистон


Муборизоти интихоботӣ дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи шанбе оғоз шуд. Пас аз ҷанҷоли таққалубкориҳо дар мавриди интихоботи рӯзи 20-уми август ва беэътибор донистани орои зиёде аз Ҳомиди Карзай аз тарафи Кумиссиёни интихоботии тобеъи Созмони Милал, қарор шуд, то даври дуввуми интихобот рӯзи 7 ноябр баргузор шавад. Дар ин рӯз Ҳомиди Карзай бо Абдулло Абдулло – вазири собиқи умури хориҷаи Афғонистон, рақобат хоҳад кард. Кай Эйде - намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Афғонистон, рӯзи ҷумъа гуфт, эҳтимолан дар даври дуввуми интихобот мисли даври аввал тақаллубкории густурдае нахоҳад шуд, аммо даври дуввум ҳам аз таққалуб орӣ нахоҳад буд. Ба хотири роҳ надодан ба таққалубкорӣ дар интихобот, бисёре аз мақомоти интихоботии Афғонистонро аз мақомҳояшон барканор кардаанд.
XS
SM
MD
LG