Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони милал барои безарарсозии партобҳои кимиёии партобгоҳи вижаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон як миллион доллар ҷудо кардааст.

Дар чаҳорчӯби як тарҳи FAO, созмони ғизо ва кишоварзии СММ партобгоҳи маводи кимиёии ноҳияи Вахш безарар гардонида хоҳанд шуд.

Масъули муҳитзисти вилояти Хатлон ба хабаргузориҳо гуфтааст, партобгоҳи кимиёии ноҳияи Вахш 40 сол умр дорад ва барои маводи заҳрдори кимиёӣ, ки пас аз коркарди корхонаҳои саноатии кишвар боқӣ мемонд, пешбинӣ шуда буд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар солҳои навадум партобгоҳ беназорат монда буд ва сабаби заҳролудшавии чанд сокини маҳаллӣ гардида буд. Афроди маризшуда ё ҷон аз даст доаанд ва ё барои як умр маъюб шудаанд.

Ба наздикӣ вуруд ба минтақаи партобгоҳ барои сокинон манъ мешудааст.

Дар Тоҷикистон миллионҳо тонна маводи радиоактив аз замони Шӯравӣ мерос мондааст, ки ба таври муносиб нигаҳбонӣ намешаванд ва ин партобгоҳҳо ҷони ҳазорон нафар сокинони атрофро дар хатар гузоштааст.

Тобистони имсол Дар Женева бо мусоидати Созмони Милал роҳҳои коҳиши хатари партовҳои радиоактивии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда буд. Дар он ҳамоиш аз ҷумла ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ширкат карда буд.
XS
SM
MD
LG