Пайвандҳои дастрасӣ

Дар сурати баста шудани пеши дарёи Вахш ва боло рафтани сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи Роғун, 40 деҳа дар ноҳияи Нуробод, дар шарқи Тоҷикистон зери об хоҳад монд ва беш аз 5 000 сокинони ин деҳот ба ҷойҳои амн кӯчонида мешаванд.

Гуфта мешавад, сохмони нерӯгоҳи Роғун ва кӯч додани деҳоти атрофи он ҳануз 20 соли пеш яъне соли 1989 ба нақша гирифта шуда буд, аммо аз як тараф эътирозҳои равшанфикрони тоҷику сокинони деҳоти ноҳияи Нуробод ва сӯе ҳам фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ боиси таъхири иҷрои ин лоиҳа шуданд.

Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳант ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, агарчи ин тарҳ 20 соли пеш амалӣ нашуд, аммо феълан мувофиқи тарҳи ҷадиди давлати Тоҷикистон, ки ҳафтаи гузашта ба тасвиб расид, тайи 2-3 соли оянда қарор аст 5 000 сокини ноҳияи Нуробод ба ҷойҳои бехавф, аз ҷумла ба ноҳияҳои Данғара ва Турсунзода кӯчонида шаванд ва аз тирамоҳи соли равон корҳои поксозӣ дар атрофи сохтмони нерӯгоҳи Роғун шурӯъ хоҳад шуд.

Вай афзуд, «корҳои поксозӣ ҳамин тирамоҳ шурӯъ мешавад ва тамоми атрофи сохтмони нерӯгоҳи Роғун, яъне ҷойи деҳаҳое, ки кӯчонида шудаанд, тоза карда мешавад. Масалан, гӯристонҳо кӯчонида мешаванд ба ҷойҳои нав. Чунки бояд аз ҷиҳати санитарӣ пурра пок бошад он ҷойҳо».

Барои сохтмони манзил дар ҷои нав 2300 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи нархҳои имрӯзаи маводи сохтмонӣ гумон аст, ки ин маблағ барои бунёди ҳатто як манзили дуҳуҷрагӣ кофӣ бошад ...
Бино ба хабарҳои расида аз ноҳияи Нуробод, ба хотири он, ки мардуми ин ноҳия ба боғдорӣ машғул мебошанд ва даромади аслии хонаводаҳо аз пайи маҳз ҳамин машғулият ба даст оварда мешавад, рафтан ба навоҳии ҷануб, ки умдатан хушку камоб буда барои боғдорӣ начандон мувофиқ аст, саркашӣ кардаанд.

Яке аз чунин муҳоҷирони дохилӣ сокини ноҳияи Нуробод, ки худро Гулниссо Раҳматова муаррифӣ кард, мегӯяд, барои ӯ ва ҳамсояҳояш, ки дар арафаи кӯчидан ба ноҳияи Данғара мебошанд, барои сохтмони манзил дар ҷойи нав 2300 сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи нархи имрӯзаи маводи сохтмонӣ гумон аст, ки ин маблағ барои бунёди ҳатто як манзили дуҳуҷрагӣ кофӣ бошад.

Хонум Гулнисо мегӯяд, хонаводааш аз 6 нафар иборат буда, фарзандони ноболиғ дорад ва дастёре барои сохтмони манзилу кишоварзӣ дар ҷойи нав надорад.

Вай гуфт, «як дарахтро сабз кардан чи қадар вақти зиёд мехоҳад. Дарахтони меваи мо нав бор овардаанд ва мо ҳар сол меваи онҳоро фурӯхта зиндагиамонро таъмин мекунем. Моро ки ба Данғара кӯчониданианд, онҷойҳо беобанд ва мо намедонем, ки аз кадом ҳисоб зиндагӣ кунем. Ман писари калон ҳам надорам, ки Русия барои кор фиристам».

Аммо Шукурҷон Зуҳуров, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, мегӯяд, кӯчонидани мардуми ноҳияи Нуробод ба Данғара, Турсунзода ва мавзеи Теппаи Самарқандӣ дар ноҳияи Рудакӣ иҷборӣ набуда, балки ихтиёрист ва барои онҳое, ки намехоҳанд ба навоҳии Данғара ва Турсунзода бираванд, барояшон дар мавзеи баланкӯҳ ва амнтари ноҳияи Нуробод замин ҷудо шудааст.

Вай гуфт, «барои онҳо ва муҳоҷироне, ки ба ноҳияҳои Данғара ва Турсунзода кӯчонида мешаванд, зербинои хонаҳояшонро месозем ва пул барои сохтмони манзилашон медиҳем».

Таҳлилгарон сохмони чунин як иншооти муҳиме чун нерӯгоҳи Роғунро барои Тоҷикистон, ки метавонад кишварро аз бумбасти энержӣ раҳо созад ва манбаи даромади ҳангуфте барои буҷаи давлат бошад, ногузир медонанд.

Дорохоҷа Маҷнунов, коршиноси маҳаллӣ, дар ин замина гуфт, Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистон аст ва ҳамасола ҳаводиси табиӣ, аз қабили заминларза, обхезӣ ва тармафроӣ хусусан дар минтақаҳои кӯҳдоман зиёд ба амал меоянд ва мардуми рустоҳо манзилу молу ҳол ва ҳатто ҷони худро аз даст медиҳанд. Ба ин хотир, мегӯяд ӯ, кӯч додани мардуми деҳот аз ҷойҳои хатарзо як амри маъмулист ва мардум бояд зарурати чунин иқдомотро дарк кунанд.

Вай гуфт, «замин моли давлат аст ва мувофиқи талаботи вақту замон онро метавонад барои манфиати ҷомеа истифода кунад. Аз ин хотир имрӯз, ки зарурати сохтани нерӯгоҳи Роғун пеш омадааст, бояд мардум инро дарк кунанд ва дар ҷойҳои нав ҳам метавонанд меҳнат карда, боғ бунёд кунанд. Ҳам ҷойҳои навро обод кунанду ҳам зиндагиашонро таъмин кунанд».

Ба ин тартиб тибқи иттиллои вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ба хотири ҳифзи мардуми деҳоти кӯҳистон, ҳамасола ҳудуди 1000 хонавода аз манотиқи осебпазири ҳаводиси табии, ба манотиқи амни кишвар кӯчонида мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG