Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эрон то ҳол эълон нашудааст


Амрико ва Русияву Фаронса тарҳеро, ки Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ба манзури ҳалли баҳси ҳастаии Эрон таҳия кардааст, пазируфтанд. Худи Эрон посухи расмиаш ба тарҳи мазкурро ҳанӯз эълон накардааст. Бо ин ҳол, телевизиони давлатии Эрон бидуни бурдани ном аз қавли як узви ҳайъати музокиротии Теҳрон гуфт, ки Эрон мехоҳад дар иваз маводи сӯхти ҳастаӣ харидорӣ кунад.
Тибқи тарҳи пешниҳодӣ, Эрон бояд бахши аъзами ураниуми ғанисозишудаашро ба хотири тавлиди маводи сӯхт дар ихтиёри Русияву Фаронса гузорад.
Ҳадаф аз ин пешниҳод коҳиш додани захираи ураниуми ғанисозишудаи Эрон аст, ки ба бовари Ғарб, бахше аз фаъолиятҳои махуфи ҳастаии он кишвар аст. Вале Теҳрон ин иддаоро радд мекунад.
XS
SM
MD
LG