Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон меафзояд


Мақомоти СММ мегӯянд, Тоҷикистон, танҳо кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ки паноҳҷӯёни афғонро бидуни мамониат қабул мекунад, дар амри таъмини шумори дар пайи бад шудани вазъи Афғонистон рӯ ба афзоиши паноҳҷӯён ба кӯмакҳои бештари байналмилалӣ ниёз пайдо хоҳад кард. Иля Тодорович, раҳбари дафтари Куммиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон дар Душанбе гуфт, шумори паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон имсол метавонад 2 маротиба афзуда, ба 5000 бирасад. Ба гуфтаи ӯ, интизор меравад, ин шумор соли оянда аз 7 то 8 ҳазор нафарро ташкил диҳад.
XS
SM
MD
LG