Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти қудратҳои ҷаҳонӣ аз тарҳи Ожонси ҳастаӣ


Амрико ва Русияву Фаронса тарҳеро, ки Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ба манзури ҳалли танишҳо бар сари барномаҳои зиддунақизи ҳастаии Эрон ва коҳиш додани захираи ураниуми ғанисозишудаи он кишвар таҳия кардааст, пазируфтанд. Аммо худи Эрон посухи расмиаш ба тарҳи мазкурро то кунун эълон накардааст.
Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия тарҳи пешниҳодии Ожонс ба Эрон ва 3 қудрати ҷаҳонӣ - Русияву Фаронса ва Амрикоро мепазирад. Сухангӯи вазорати хориҷаи Фаронса Бернар Валеро низ гуфт, ки ин тарҳ Порисро қаноат медиҳад. Майк Ҳаммер, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико гуфт, посухи Вошингтон ба тарҳ мусбат буда, Амрико мунтазири посухи Эрон ба он хоҳад нишаст.
Тибқи тарҳи мазкур, Эрон бояд бахши аъзами ураниуми ғанисозишудаашро ба хотири тавлиди маводи сӯхт дар ихтиёри Русияву Фаронса гузорад. Истифодаи ин маводи сӯхт барои тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ ғайримумкин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG