Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир дар Бангладеш манъ шуд


Бангладеш фаъолияти гурӯҳи исломии Ҳизб-ут-Таҳрирро ба далели “фаъолиятҳои зиддидавлатӣ, зиддимардумӣ ва зиддидемократӣ”-аш манъ кард. Ин иқдом ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз бомбгузории мошини Фазлӣ Нур Топос, вакили парлумон аз ҳизби ҳокими Лигаи Авомӣ сурат мегирад. Бар асари таркиши он мошин 12 нафар ҷароҳат бардоштанд.
Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир, ки қароргоҳаш дар Лондони Бритониёст ва ба хотири ташкили як хилофати воҳиди исломӣ мубориза мебарад, феълан дар дастикам 20 кишвари ҷаҳон, бо шумули Тоҷикистон, манъ шудааст.
XS
SM
MD
LG