Пайвандҳои дастрасӣ

Лӯлаи гази Туркманистон-Чин ба кор оғоз хоҳад кард


Бино ба хабарҳо, Туркманистон эҳдоси бахши ба он марбути лӯлаи гази 7 000-километриеро, ки аз чоҳҳои гази дарёи Хазар тавассути Узбакистону Қазоқистон то ба Чин кашида хоҳад шуд, анҷом додааст. Матбуоти давлатии Туркманистон мегӯяд, ин лӯла алакай аз моҳи декабр метавонад ба интиқоли гази табиӣ шурӯъ кунад. Ширкати давлатии газу нафти Чин бо Туркманистон як қарордоди 30-сола бастааст, ки бар асоси он солона аз ин кишвар 30 миллиард метри мукааб газ хоҳад гирифт. Феълан Туркманистон тақрибан кулли гази содиротиашро ба Русия мефурӯшад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG