Пайвандҳои дастрасӣ

Мавҷи нави хушунатҳои хунин дар Покистон


Рӯзи ҷумъа бар асари силсилаи таркишҳо дар Покистон беш аз 20 нафар кушта шуданд. Як бомбгузори маргталаб худро дар ҳошияи пойгоҳи нирӯҳои ҳавоии Покистон дар Карма, тақрибан 75-километрии пойтахт, шаҳри Исломобод, мунфаҷир кард, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расиданд. Таркиши дигар автобуси ҳомили меҳмонони як тӯйи арӯсиро дар минтақаи қабиланишини Мӯҳманд асобат карда, 17 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Дар Пешовар дар натиҷаи инфиҷори як мошини бомбгузоришуда дастикам 8 нафар захм бардоштанд. Мавҷи нави хушунатҳо дар ҳолест, ки нирӯҳои низомии Покистон амалиёти густурдаеро алайҳи ҷангиёни толиб дар устони бо Афғонистон ҳаммарзи Вазиристони ҷанубӣ ба роҳ андохтаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG