Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз пешниҳодҳо ба Эрон пуштибонӣ кард


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия тарҳи пешниҳодии Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ ба Эрон ва 3 қудрати ҷаҳонӣ - Русияву Фаронса ва Амрикоро мепазирад. Ҳадаф аз ин пешниҳод коҳиш додани захирани ураниуми ғайнисозишудаи Эрон аст.
Тибқи тарҳи мазкур, Эрон бахши аъзами ураниуми ғанисозишудаашро ба хотири тавлиди маводи сӯхт дар ихтиёри Русияву Фаронса мегузорад. Истифодаи ин маводи сӯхт барои тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ ғайримумкин хоҳад буд.
Ожонси назорати ҳастаӣ гуфт, умедвор аст, ки ҳамаи ҷонибҳои зидахл рӯзи ҷумъа ба ин тарҳи пешниҳодӣ посухи расмӣ хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG