Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марзи Қирғизистонро кӣ шикаст: "ҲИУ ё "Байъат"?


Фармондеҳи ситоди Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, силоҳбадастоне, ки рӯзи 14 октябр вориди марзи Қирғизистон шуданд, аъзои Иттиҳоди пешини мухолифини тоҷик будаанд. Кубаничбек Сарибоев гуфт, аксари марзшиканон аз аҳли ноҳияи Исфара ва аз аъзои гурӯҳи мазҳабии “Байъат” будаанд, ки аз ҳисоби гурӯҳҳои парокандаи мухолифини тоҷик ташкил ёфта буд. Ба эътиқоди Сарибоев, ҳадафи аслии ин гурӯҳи марзшикан пайдо кардани як паноҳгоҳи муваққат дар қаламрави Қирғизистон буд.
Чаҳор тан аз аъзои ин гурӯҳи мусаллаҳ баъдан дар ҷараёни як амалиёти вижа дар Исфара кушта ва якеи дигараш боздошт шуд. Мақомоти Душанбе аммо онҳоро аъзои ҲИУ унвон карданд.
XS
SM
MD
LG