Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» - қаҳрамони футболи Тоҷикистон-2009


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи пирӯзии дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон нақл мекунем.

Дастаи «Вахш» қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2009 гардид. Футболбозони «Вахш» дар бозии охирини худ дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор» бар тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд. Дастаи «Вахш» барои севвумин бор бо медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон сарфароз хоҳад шуд. Меҳмони барномаи мо Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа.

Далер Сайфиддинов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи таэквон-до ITF дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба унвони қаҳрамони мутлақи ҷаҳон даст ёфт. Вай дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни 78 кг соҳиби 1 медали тилло ва 1 медали нуқра шуд. Далер Сайфиддинови 25-сола дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вай барои аввалин бор қаҳрамони мутлақи ҷаҳон шуд.
Ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ Тоҷикистонро 15 варзишгар -10 мард ва 5 зан намояндагӣ карданд. Тоҷикистон бо касби 1 медали тилло, 4-нуқра ва 6-биринҷӣ пас аз дастаҳои Куриёи Шимолӣ, Русия-1, Ҷумҳурии Чех, Русия-2 ва Булғористон дар ҷои 6-ум қарор гирифт.

Ин ҳафта паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар Булғористон 7 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварданд.

Сардовари ин мусобиқа Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федеросиюни гуштии самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, паҳлавонони ҷавони тоҷик барои аввалин бор дар сабқати ҷаҳонӣ ду медали тилло гирифтанд. Акмолиддин Каримов, дар вазни 52 кг ва Лутфулло Розиқов дар вазни 57 кг - байни ҷавонони 19-20-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмашариф Сулаймонов дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз Русия, Қазоқистон ва Гурҷистон дар ҷои чаҳорум қарор гирифт.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои ширкат дар бозиҳои интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола озими Непал шуд.

Бозиҳои интихобии сабқати гурӯҳи «А» аз 25-уми октябр то 4-уми ноябр дар пойтахти Непал - шаҳри Катманду баргузор мешаванд. Футболбозони ҷавони тоҷик 25-уми октябр бо дастаи Қирғизистон, 27-уми октябр бо дастаи Фаластин, 30-юми октябр бо тими мизбон - Непал, 1-уми ноябр бо дастаи Яман ва 4-уми ноябр бо дастаи Урдун бозӣ хоҳанд кард. Ду дастаи беҳтарини гурӯҳ ба сабқати ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дар ин барнома мусоҳибаи мо бо Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Инчунин дар ин барнома ба шунавандагон хабарҳои варзиши ҷаҳонӣ пешкаш мешаванд:
Кумитаи байнулмилалии олимпӣ мақоми нозири Созмони Милали Муттаҳидро гирифт. Қатъномаи Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин бора қабул шуд. Ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ пешниҳод шудааст, ки бо чунин мақом дар кори Маҷмаъи умумӣ ширкат варзад.

Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, зимни қатъномаи дигаре даъват намуд, ки дар замони баргузории Бозиҳои олимпӣ ва паролимпӣ дар Ванкувер аз 12-ум то 28-уми феврал ва аз 12-ум то 21-уми марти соли 2010 дар чаҳорчӯби Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид оташбас риоя карда шавад. Инчунин дар қатънома ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон, ки аз 14-ум то 26-уми августи соли 2010 дар Сингапур баргузор мешавад, таваҷҷӯҳ шудааст.

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ се шаҳри муддаъии мизбонии Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ ва Бозиҳои XII зимистонаи паралимпии соли 2018-ро эълон кард. Инҳо шаҳрҳои Ансии Фаронса, Мунихи Олмон ва Пхенчхани Куриёи Ҷанубӣ мебошанд. Шаҳри ғолиб моҳи июли соли 2011 дар шаҳри Дурбани Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ дар иҷлосияи 123-юми Кумитаи байнулмилалии олимпӣ маълум хоҳад шуд.

ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол ҷоизаи Ференс Пушкаш, футболбози машҳури маҷориро, ки ҳар сол барои голи зеботарин супурда хоҳад шуд, таъсис дод. Аввалин барандаи ин ҷоиза авохири моҳи ноябри соли равон муайян мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG