Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларзаи шаби гузашта дар Тоҷикистон


Соати 12-у 41 дақиқаи шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон як заминларза ба вуқӯъ пайваст. Маркази зилзиланигории Душанбе, шиддати ин заминларазаро дар пойтахти Тоҷикистон тибқи ҷадвали Рихтер, аз 4 то 5 балл баровард кардааст. Дар бораи кадом хисороти ҷониву молии ин офати табиӣ гузориш нарасидааст. Маркази заминларза дар 77-километрии ҷанубу шарқи Файзобод, минтақае дар наздикии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон воқеъ буда, шиддати заминларза дар ин минтақа 6,2 балл гуфта мешавад. Заминларзаи шаби гузашта ба Покистон низ асобат кардааст.
XS
SM
MD
LG