Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Молдова ва бозиҳо барои интихоби раиси ҷумҳур


Интизор мерафт, ки имрӯз дар порламони Молдова барои интихоби раиси ҷумҳури нави ин кишвар райдиҳӣ сурат бигирад. Вале дирӯз намояндагони порламон эълон карданд, ки ин райдиҳиро ба таъхир меандозанд. Санаи дигар барои интихоби раиси ҷумҳур эълон нашудааст. Мариан Лупу-раиси порламони собиқи кумунистӣ ягона номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мебошад. Вай ҳоло раиси Ҳизби Демократ ва раҳбари эътилофи ҳокими чаҳор ҳизби хостори ҳамгероӣ бо Аврупо мебошад. То ҳол рӯшан нест, ки дар ин интихобот танҳо як номзад ширкат хоҳад кард ё номзадҳои дигар низ пешниҳод хоҳанд шуд. Соли 2001 додгоҳи Қонуни Асосӣ эълон кард, ки интихобот бояд алтернативӣ бошад. Намояндагони порламон аз эътилофи ҳоким гуфтанд, ки онҳо мехоҳанд тартиби интихобот қабл аз рӯзи интихобот танзим шавад. Ҳизби оппозитсионии Куммунист гуфтааст, аз номзадии Лупу ҷонибдорӣ намекунад ва мумкин аст номзади худро пешбарӣ кунад. Таҳлилгарон мегӯянд, кумунистҳо мехоҳанд интихоботро ба ҳам зананд ва бад-ин тариқ хостори баргузории интихоботи зудраси порламонӣ дар аввали соли оянда шаванд.
XS
SM
MD
LG