Пайвандҳои дастрасӣ

ОБЭҲ барои Эрон аз кишварҳои бузург посух мехоҳад


Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии вобаста ба СММ гуфтааст, интизор аст, ки Эрон ва се кишвари дигар-Русияву Фаронса ва Амрико ба тарҳи пешниҳодҳо дар бораи фиристодани урани Эрон барои ғанисозӣ ба хориҷ посух диҳанд.
Ҳадаф аз ин пешниҳод, ки Амрико аз он ҳимоят мекунад, ҷилавгирӣ аз талошҳои Эрон барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ва рафъи нигарониҳои Ғарб аз ин барномаҳо мебошад. Ғанисозии уран бахше аз барномаҳои махфии иҷоди аслиҳаи ҳастаии Эрон аст. Тибқи пешниҳоди ахир Эрон урани гирдовардаи худро барои ғанисозӣ ба Русияву Фаронса мефиристад ва ин кишварҳо онро ба маводи сӯхт табдил медиҳанд ва он барои истифода дар таъсисоти ҳастаии тиббӣ дубора ба Эрон бармегардад. Дар чунин ҳолат ин маводи сухт наметавонад барои иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ ба кор равад.
XS
SM
MD
LG