Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден барои боздид вориди Прагаи Чех шуд


Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар ахирин бахши силсилабоздидҳои худ аз кишварҳои Аврупоӣ вориди Прага-пойтахти ҷумҳурии Чех шуд. Ҳадафи силсилабоздидҳои Байден ин аст, ки Полша, Руминия ва ҷумҳурии Чехро мутмаин созад, ки Амрико ба тааҳудоти худ дар ин минтақа ҳамчунон қотеъ хоҳад монд. Оқои Байден зимни суханронии калидии худ дар Бухарест аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ хост, ки онҳо аз демократияи навпо дар Модоваву Гурҷистон ва Украина ҳимоят ва онҳоро ба сӯи субот раҳнамоӣ кунанд. Кишварҳои Аврупои Шарқӣ 20 сол пеш аз низоми кумунистӣ рҳо ёфтанд. Оқои Байден афзуд, "дар Арманистону Озарбойҷон ва Белорус корҳои зиёде бояд анҷом бигирад". Ҳадафи боздиди Байден аз Аврупо ба даст овардани ҳимояти Аврупо аз барномаҳои ислоҳшудаи системи дифоъи зидди мушакии Амрико дар Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG